Вазъи саломатии муҳоҷирони кориро дар Тоҷикистон кӣ месанҷад?
Маркази миллии таҳқиқоти пизишкӣ дар Русия масъули санҷиши тиббии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон таъйин шудааст. Қарорро дар ин бора Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия, рӯзи 28-уми сентябр тасдиқ кард. Намояндагони ин марказ пеш аз сафар вазъи саломатии муҳоҷиронро дар Тоҷикистон хоҳанд санҷид.